Ба гузориши агентҳои хабаррасонии «Абна» ба нақл аз «Арабӣ 21», ворид кардани тағйирот дар баъзе китобҳои дарсии Арабистони Саудӣ аз ҷониби режими сионистӣ истиқбол шудааст. Дар ин робита, саудиҳо ибораи «мусулмонон аз Қудс даст намекашанд»-ро аз китобҳои дарсии худ ҳазф карданд, ки ин амал аз ҷониби як созмони исроилӣ, ки барномаҳои таълимии Ховари Миёнаро назорат мекунад, истиқбол шуд.
«Маркус Шифф», директори иҷроияи Институти «Импакт-Си», дар ин бора изҳор дошт, ки баррасии институти ӯ дар бораи барномаҳои таълимии Арабистон давомоти роҳи «ислоҳоти мусбат»-ро дар маорифи ин кишвар нишон медиҳад. Вай ба кам шудани мундариҷае, ки институт онро «ифротӣ» ё «яҳудситезӣ» мешуморад, дар баробари тағйирот дар тарзи муносибат ба мавзӯи Исроил ва сионизм ишора кард.
Истиқболи режими сионистӣ аз амали саудиҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки сиёсатмадорони исроилӣ ҳанӯз ҳам хароб кардани масҷиди Ақсо ва сохтани он чизе, ки «ҳайкал» номида мешавад, дар ҷои онро талаб мекунанд. Инчунин, мақомоти исроилӣ рӯзи душанбе ба маскунатон иҷозат доданд, ки дар дохили масҷиди Ақсо дар шарқи Қудси ишғолшуда маросимҳои яҳудиро анҷом диҳанд; амале, ки ҳамчун вайронкунии бештари вазъи мавҷуда бо интиқодҳои васеъ рӯбарӯ шуд.
Ин институт инчунин аз ҳазфи баъзе оятҳои Қуръон аз китобҳои дарсии Арабистони Саудӣ, ки ба мавзӯи «куфр ва гуноҳ» мепардозанд, истиқбол кардааст. Дар як китоби таърихи синфи 11, ибораи «душмани сионистӣ» бо ибораи «ишғолгарони исроилӣ» иваз шудааст. Бо вуҷуди ин, институти мазкур ин тағйиротро кофӣ надона ва бар ин бовар аст, ки истифодаи истилоҳи «ишғолгарони исроилӣ» нишондиҳандаи идомаи эътироф накардани Исроил аст.
Ин интиқодҳо дар ҳоле баён мешаванд, ки режими сионистӣ бо ташкили давлати Фаластин комилан мухолиф аст. Бениёмин Нетанёҳу, сарвазири ин режим дар моҳи ноябри соли гузашта гуфт, ки «давлати фаластинӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Масъала ба ҳамон саддӣ аст: сохта намешавад».
Your Comment